Коррупсия омилест, ки ҷомеаро метавонад фалаҷ кунад ва муборизаи муваффақ бо он сабаби рушди кишвар мегардад. Ин ҳақиқати бебаҳс аст ва имрӯз боястӣ сатҳи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб болотар аз он бошад, ки меандешем. Чунин буд хулосаи ширкаткунандагони як вохӯрӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд.
Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд пайваста дидору мулоқот ва суҳбатҳо дар мавзуъҳои омилҳову сабабҳои ҳуқуқвайронкуниҳо ва роҳу равиши мубориза бо он гузаронида мешавад. Дар ин гуна вохуриҳо мутахассисон ва масъулини идораҳои мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо даъват мешаванд.
Бо мақсади роҳандозии корҳои пешигирӣ, ошкорсозӣ ва ҷилавгирӣ аз нақзи қонун роҳбарони Раёсат дар ин самт, аз ҷумла дар мавриди пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ чораҳои зиёд меандешанд.
Дар мулоқот роҳҳои пешигирӣ аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ва дигар зуҳуроти ғайриқонунӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолиятҳои касбӣ ва молиявию хоҷагӣ барарсӣ шуданд.