Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар аз 23 то 27 октябри соли 2024 ҳавои номусоид дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дамои ҳаво паст шуда, эҳтимоли боридани борон ва барф дар баландиҳои беш аз 2000 метр вуҷуд дорад. Дамо дар водиҳо 10-12 дараҷа паст мешавад.
Дар ин иртибот Кумита чанд тавсияро барои сокинон ироа медорад, ки риояи онҳо боиси таъмини амнияту бехатарӣ хоҳад шуд.
Дар моҳҳои тирамоҳ маъмулан ҳаво ҳамеша тағйирёбандаву ноустувор аст. Борон меборад, бод ба шиддати бештар мевазад, ҳаво аз рӯз ба рӯзи дигар рӯ ба сардӣ меорад. Ин ҳолат боис мешавад, ки одамон барои гарм кардани хонаҳо аз василаҳои имконпазир бештар истифода кунанд. Хавфи сар задани сӯхтор, афзоиши садамаҳои нақлиётӣ ва ғайра бештар аст.
Қабл аз ҳар чизи дигар мебояд ба таъмини бехтарӣ аз сӯхтор эътибор дод. Дар ин мавсими рӯ ба сардӣ аксари ҳолатҳои сӯхтор бар асари дуруст риоя накардани қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти барқӣ ба вуҷуд меояд. То даме, ки мавсимӣ истифода аз системаи гармидиҳӣ шуруъ мешавад, хеле бояд эҳтиёткор буд. Дар деҳот бошад дар истифода аз бухориҳо, истифода маводи сӯхт, аз ҷумла ангиштсанг қоидаҳои лозимро бояд риоя кард. Пеш аз он ки ба бухорӣ алов монед, лозим аст тудбароро, ки муддати баҳору тобистон истифода нашуда буд, тоза кунед.
Бо фаро расидани ҳавои сард, шабакаҳои барқӣ сарбории зиёд доранд. Одамон маъмулан дар чунин ҳолатҳо бештар аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекнанд ва дар як хона шумори ин гуна дастгоҳҳо ба чанд адад мерасад, ки маркази таъмини он тавони бардошт нахоҳад дошт. Ҳолати коромадии ноқилҳо, ҷойҳои васли симҳо ва ғайрара бояд санҷид. Асбобҳои барқии дастсохт барои истифода қобили қабул нестанд, онҳо ҳамеша хатарноканд.
Истироҳаткунандагони дар беруни бино бояд шароити обу ҳаво ва кутоҳии идома рӯзро ба назар гиранд. Пеш аз ҳама, ин ба дӯстдорони моҳидорӣ дахл дорад. Дар ҳоле ки боди сард мевазад ва шаб фаро мерасад, зудтар аз назди махзанҳои об бояд дур шуд.
Субҳ вақте моҳидорӣ меравед, дӯстону пайвандони худро хабардор кунед, ки маҳз куҷо хоҳед рафт, бигзор онҳо аз макони моҳидории шумо огоҳ бошанд. Ва ҳатман бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.
Ҳангоми боду борон роҳҳо хатарнок мешаванд ва ин боиси афзоиши садамаҳои нақлиётӣ ва халалдор шудани фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, махсусан дар роҳҳои кӯҳӣ мегардад. Ронандагон ва пиёдагардон дар ин давраи гузариш бояд бештар бодиккат бошанд. Дар вакти ба сафар баромадан шароити обу хаво ва шароити роҳро ба назар гиред ва қоидаҳои бехатарии ҳаракатро қатъиян риоя кунед.
Ҳаргиз вақти сафар, рафтан ба шикоргоҳ барои шикор, моҳидорӣ машрубот истеъмол накунед.
Дар ҳар ҳолат кӯдакону наврасонро танҳо беназорат нагузоред.
Дар ҳоли пеш омадни ягон ҳодисаи фавқулода ба ин телефонҳо занг занед ва кумак пурсед:
Дастгоҳи марказӣ:
-221-13-31, 93 880 28 19;
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
- 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90;
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
- (83139) 2-60-74, 2-60-45;
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
- (83222) 2-35-05, 2-78-28;
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:
- (83322) 2-36-60, 2-34-73;
Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
- (83522) 2-40-57, 2-53-47;
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
- (83422) 6-58-72, 5-15-55.
Барои донистани он ки дар ҳолатҳои гуногуни фавқулода чӣ бояд кард, ба замимаи мобилии КҲФ «SOS» барои ҳамаи плеймаркетҳо ва App Store/ мувофиқ карда шудааст, бупайвандед.