Раъду барқ дар Ховалинг як ҷавони 17-соларо кушт

Як сокини 17-солаи деҳаи Тагиҷари ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг аз зарби раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Марҳум дар вақти боронҳои шадиду раъду барқ дар чарогоҳи кӯҳи машғули чорвочаронӣ буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора дар ҳушдорҳои худ таъкид мекунад, ки дар замони боронҳои шадиду бодҳои сахт ва раъду барқ сокинон қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Дар чунин ҳаво ҳеч маслиҳат нест, ки одамон кӯҳгардӣ кунанд, ҷамъоварии ҳезум раванд, гиёҳони дорувор ҷамъ оваранд ва ё чорво чаронанд ё худ саргарми корҳои кишоварзӣ шаванд.

Дар чунин рӯзҳо маслиҳат нест, ки одамон ба соҳили махзанҳои об раванд, моҳидорӣ кунанд, шикор кунанд ва ё ба сайругашт бароянд.

Беэҳтиётӣ ҳамеша сабаби чунин нохӯшиҳо мешавад.

 

Дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми раъду барқ ба ин матлаб таваҷҷуҳ намоед:

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: