Ҳодисаи чанд рӯз қабл рухдода дар Сағирдашт, ки раъду барқ як чӯпонро дар саҳро кушт ва як хонумро дар рӯи ҳавлӣ ҷароҳатдор кард, бори дигар моро водор кард, ки қоидаҳои бехатарӣ дар ин гуна ҳолатҳоро ба такрор ёдрас кунем.
Дар бораи раъду барқ чун як зуҳуроти табиӣ шумо муфассал метавонед аз мақолаи ДОСТОНИ БОРИШ ВА БОРАНДАГӢ ДАР ШАШ ГУФТОР. ГУФТОРИ ШАШУМ:БАРҚ
маълумоти илмӣ дарёфт кунед.
Раъду барқ бо номҳои озарахш, аловак, соиқа низ ёд мешавад. Ин як рухдоди табиӣ аст, ки бештар дар аввали фасли баҳор ва ё тли баҳору тобистон ҳангоми борандагиҳои зиёд, воқеъ мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳангои раъду барқ бештар чароғак хатар дорад. Ғайр аз чароғаки маъмулии рах-рах ва ё шикаста баъзан барқи курашакл – барқи рушноидиҳанда, шинокунанда дар ҳаво ва тарканда ҳангоми бархӯрд бо дилхоҳ ҷисми сахт низ ба мушоҳида мерасад. Чароғак ё барқ боз аз он хатарнок аст, ки ба дунболи оташак садои сахти тундар баланд мешавад.
ДАР ИН ГУНА ҲОЛАТҲО ЧОРАҲОИ БЕХАТАРИРО ҶИДДАН РИОЯ НАМОЕД:
- дар дохили хона ҳама гуна асбобҳои барқиро хомӯш кунед;
- дар назди тирезаҳо ва дарҳои боз наистед, ба хатҳои қубурҳои обгузар даст нарасонед;
- бояд тирезаҳои хона ва дарҳоро бипӯшед, то ин барқи курашакл ба он наафтад.
АГАР ДАР КӮЧА ВА Ё ГУЛГАШТҲО БОШЕД:
- зери дарахтони қоматбаланд паноҳ набаред, беҳтараш аз онҳо ба масофаи бехатар дуртар равед (аз 30 то 40 метр). Эҳтимоли расидани раъду барқ дар як дарахти хос ба таври мустақим бо баландии он мутаносиб аст. Хатар боз он вақт бештар мешавад, ки дар наздикии он дарахте бошад, ки аллакай аз раъду барқ зарар дидааст;
- агар дар кӯча бошед, зуд дар мағозае ё сохтмони дигаре худро паноҳ диҳед, ин гуна биноҳо назар ба истгоҳҳо бештар барои ҳимоя боэътимодтаранд;
- дӯстдорони моҳидорӣ бояд дар ҳоли раъду барқ фавран даст аз кор боздоранд ва зуд аз соҳили рӯдхонаву канал дур шаванд;
- беҳтараш ҳангоми раъду барқ агар дар кӯча бошед, телефони ҳамроҳи худро хомӯш кунед.
Донистани ин қоидаҳои бехатарӣ шуморо аз хатарҳо нигоҳ медорад!
Ҳангоми ҳолати фавқулода то телефонҳои
112,
93880 28 19
223 13 11
занг занед.