Бар асари ҷорӣ шудани як сели харобкор дар ҷануби Ҳинд ҳаддиақал 26 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 5 нафари онҳо кӯдакон буданд. Бориши боронҳои пуршиддат ва туғёни рӯдхонаҳо боис шудааст, ки деҳаҳои зиёде дар муҳосираи сел қарор гиранд. Шиддати сел ба ҳаддест, ки мақомҳои маҳаллӣ аз эҳтимоли афзои ҳалокшудагон ва гумшудагон хабар додаанд.
Сел ва рониши замин дар иёлоти Кароло боис шуда, то теъдоде аз хонаҳо ба таври комил аз ҷо канда шаванд.
Дар мавриди дигар сел як хонаводаи комилро бо худ бурдааст. Ин хонавода аз 6 нафар иборат будаву пиразане 75-сола ва се тифли ноболиғ ҳам узви ҳамин оила будаанд.
Як автобуси пур аз мусофирон ҳам дар обҳои хурӯшони сел гирифтор шуда буд, ки имдодгарон барои наҷоти мусофирони он вориди амал шуданд.
Дар баъзе минтақаҳои осебдида артиши Ҳинд барои наҷоти афрод аз сел аз чархболҳои низомӣ истифода кардааст. Дар рустоҳо ва шаҳрҳои соҳилӣ наҷотдиҳандагон бо истифода аз қоиқҳои моҳигирӣ талоши наҷоти одамон кардаанд.
Селҳои саҳмгине, ки боиси рониши замин мешаванд, дар Ҳинд зиёд ба вуқӯъ мепайванданд. Чунончӣ, соли 2018 бар асари ярч ва сели азим 400 нафар ҷони худро аз даст дода буданд ва беш аз як миллион нафар ба маконҳои дигар интиқол ёфтанд.