Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз шумори гирифторон ба коронавирус дар саросари оламро субҳи имрӯз 236 миллиону 536 ҳазору 927 нафар эълон кард. Аз аввали ҳамагирӣ аз COVID-19 4 миллиону 830 ҳазору 139 нафар ҷон бохтаанд. ИМА, Ҳинд ва Бразилия ҳамоно аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки бештар аз 20 миллион сироятшуда ба COVID-19 доранд. Теъдоди олудагон ба ин вирус дар ИМА 44 миллиону 768 ҳазору 773 ва фавтидагон 724 ҳазору 578 нафаранд.
Дар Ҳинд то ба имрӯз 33 миллиону 870 ҳазору 385 тан сироят шудаанд ва 449 568 нафар ҷон бохтаанд.
Дар Бразилия 21 499 074 нафар ба COVID-19 сироят шудаву 598 829 нафар фавтидаанд.
Аз аввали ҳамагирӣ то ба имрӯз дар ҷаҳон 6 миллиарду 318 миллиону 258 ҳазору 278 доза вакисина миёни сокинони Сайёра тақсим шудааст.
Дар Русия аз аввали ҳамагирӣ 7 миллиону 612 ҳазору 317 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, аз он 210 801 нафар фавтидаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Аргентина 981 нафар гиифторони нав сабт шуда ва шумори умумии мубталоён ба COVID-19 дар ин кишвар ба 5 260 719 нафар раисдааст. Аз ин беморӣ то кунун 115 283 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Украина аз сирояти бо 9846 нафар хабар дод ва теъдоди гирифторон ба COVID-19 ба 2 469 856 нафар расидааст. 57 206 нафар аз COVID-19 фавтидаанд.