декабря 2021

Болотарин марг аз Covid-19 дар Русия. 74 ҳазору 893 нафар дар як моҳ

Моҳи октябри соли равон дар Русия бар асари гирифторӣ ба Covid-19 74 ҳазору 893 нафар фавтидаанд. Бино ба омори Росстат ин болотарин мизоми марг аз ин беморӣ аз замони оғози ҳамагирӣ аст. Моҳи сентябр дар ин кишвар аз Covid-19 44 721 нафар ҷон бохта буданд. Ин манбаъ гуфтааст, ки дар Русия аз оғози ҳамагирӣ аз Covid-19 бештар аз 530 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Филми навбатии омузишии тасвирӣ барои кӯдакон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш миёни кӯдакону наврасон дар роҳҳо тамошои филми омузишии тасвирии «Қоидаҳои убури роҳҳои автомобилгард»-ро пешниҳод менамояд.

Ин филми тасвирӣ, ки хеле рангоранг тарҳрезӣ шудааст ба...

Дарси омӯзишӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

3 декабри соли равон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон семинар тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинар баргузор гардид.

Ҷонишини Сардори Раёсат полковник Т.Сулаймонзода дар бораи иҷрои бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мулоқот бо мутахассисон дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории норасоии масунияти бадан

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндаи Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории норасоии масъунияти бадан (БНМБ)-и вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохўриро сардори шўъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсат подполковник Зуҳриддин Нуралиев...

Бачаҳоро бо филмҳои тасвирӣ қоидаҳои бехатарӣ меомӯзем

Муҳтарам корбарони сомона! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Шуморо ба идомаи филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон ҷалб мекунад, ки барои дарки дурусти қоидаҳои бехатарӣ ва риояи онҳо мусоидат хоҳанд кард.

Мавзуъи ҷароҳату осеб дидани кӯдакон ва таъмини...

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Ваҳдат

Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 дар асоси фармонҳои Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Ваҳдат, машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд.

Маркази заминларзаи субҳи имрӯз ноҳияи Сангвор буд

Субҳи имрӯз тахминан соати 05:06 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза сабт шуд. Маркази заминларза  120 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе,  дар ҳудуди ноҳияи Сангвор буда, қувваи он дар марказашбалл ва дар маркази ноҳияи Сангвор  2 баллро ташкил дод.

Ин замин ларза талафоти ҷониви хисороти дигар надоштааст.

Баргузории ҷаласаҳои ноҳиявии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе

Баргузории ҷаласаҳои ноҳиявии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда

Дар қаламрави кишвар ҷамъбасти кори комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҳолатҳои фавқулодда идома дорад, ки дар он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Чунончӣ, дар ду ноҳияи пойтахт - Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки раисони Комиссияи

Заминларза ба қайд гирифта шуд

1  декабри сол 2021 соати 08:46 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза  120 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 44 километр шарқ аз ноҳияи Рашт,  дар ҳудуди минтақаи  Рашт  буда, қувваи заминларза дар марказаш 4  балл ва дар водии Рашт  3 баллро ташкил дод.

Страницы