3 декабри соли равон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон семинар тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинар баргузор гардид.
Ҷонишини Сардори Раёсат полковник Т.Сулаймонзода дар бораи иҷрои бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳарф зад ва фоидаҳои бандҳои мухталифи ин қонунро ба ҳайати шахсӣ фаҳмонд.
Дар ин дарси омӯзишӣ аз ҷониби ҳайати шахсӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбат ва табодули афкор сурат гирифт.