Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Ваҳдат

Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 дар асоси фармонҳои Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Ваҳдат, машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар давоми се рӯз ҳолати омодагӣ ва машқҳои ҳамаҷонибаи воҳиди амалкунандаи Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро дар мавзӯи «Амали роҳбарият, қувва ва воситаҳои воҳидҳои амалкунанда-ҳудудии системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи боришоти шадид, сел ва шамоли сахт»  - ро санҷиданд.

 Дар машқҳо раисони комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, эвакуатсия, баланд бардоштани фаъолнокии иншооти хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдат, хадамоти мудофиаи гражданӣ, аъзоёни Низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳр ва раисони комиссияҳо иштирок намуданд.   

Дар ҷараёни тамринҳо масъалаҳои омодагии мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувваю воситаҳо ба боронҳои шадид, сел, шамоли сахт ва интиқоли аҳолии ҷамоати деҳоти шаҳр ба маконҳои амн баррасӣ гардиданд. 

Ҳамаи иншоотҳои мудофиаивии мудофиаи гражданӣ ба ҳоли омодабош дароварда шуданд. Дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр системаҳои огоҳии фаврии аҳолӣ аз рўй додани ҳолати фавқулодда ва ё таҳдиди он санҷида шуда, корҳои соҳилбандӣ гузаронида шуданд.

барчасп: