Маркази заминларзаи субҳи имрӯз ноҳияи Сангвор буд

Субҳи имрӯз тахминан соати 05:06 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза сабт шуд. Маркази заминларза  120 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе,  дар ҳудуди ноҳияи Сангвор буда, қувваи он дар марказашбалл ва дар маркази ноҳияи Сангвор  2 баллро ташкил дод.

Ин замин ларза талафоти ҷониви хисороти дигар надоштааст.

Зарфи ду рӯзи охир ин дуюмин бор аст, ки дар Тоҷикистон замин такон мехӯрад.

Рӯзи гузашта низ соати 08:46 дақиқа дар қаламрави кишвар замин ларзид ва маркази он 120 километрии шимолу шарқи пойтахт, 44 километр шарқи ноҳияи Рашт буд.

Гуфта мешуд, ки қувваи ин зилзила дар маркази он 4 балл, дар водии Рашт 3 баллро ташкил дод.

барчасп: