Муҳтарам корбарони сомона! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Шуморо ба идомаи филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон ҷалб мекунад, ки барои дарки дурусти қоидаҳои бехатарӣ ва риояи онҳо мусоидат хоҳанд кард.
Мавзуъи ҷароҳату осеб дидани кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳоро баррасӣ намуда, мо борҳо ин суолро дар миён гузоштаем, ки чаро маҳз кӯдакон бештар дучори ҳодисаҳои нохуш мешаванд?
Худи зиндагӣ посухи ин суолро дод. На ҳамаи калонсолон медонанд, ки маҳз аз кадом синну сол бояд ба кӯдакон қоидаҳои бехатарӣ омӯзанд, намедонад, ки ин корро чӣ гуна анҷом диҳанд ва ҳатто намедонанд аслан ин корро бояд кард ё не. Баъзеҳо омӯзиши фарзандонашонро ба қоидаҳои бехатарӣ ба вақтҳои дигари номуайян мегузоранд. Аммо ҳодисаҳо дар ҳаёт пешгӯинашавандаву пешбининашавандаанд ва метавонад ин таъхир бар зарар бошад ва шояд он рӯзе фаро нарасад, ки бояд бачаҳоро омӯзиш диҳанд.
Мо ба ин боварем, ки набояд кӯдаконро тани танҳо дар баробари хатарҳо гузорем. Ин фикр низ хатост, ки кӯдак худ мустақилона таҷрибаву малакаи наҷот ҳосил мекунад. Мо ба Шумо, падарону модарони азиз, маслиҳат медиҳем, ки фарзандони хурдсоли худро аз синни 2,2-3-солагӣ қоидаҳои бехатарӣ омӯзед.
Беҳтарин роҳи таълим додани кӯдакон ҳамеша намуна будан аст, новобаста аз он ки шумо ё касе аз дӯстон, оилаатон. Дар ин ҳолат, чизи асосӣ ин аст, ки бо чашмони худ бубинед. Ва дар ин ҷо беҳтар аст, ки ба кӯдак иҷозат диҳед, ки ин филми тасвириро тамошо кунад, ё ҳатто беҳтараш онро бо ӯ якҷоя тамошо кунед ва ҳолатҳоеро, ки дар филм намоиш дода шудааст, барарсӣ кунед.
Филми тасвирие, ки пешниҳод мешавад, таълифи ҳамкорону ҳамкасбони мо аз Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия мебошад, ки ба кӯдакон тарзи дуруст рафтор дар хона ҳангоми набудани калонсолон ва пешгирӣ аз мушкилотро мефаҳмонад.