Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки намояндаи Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории норасоии масъунияти бадан (БНМБ)-и вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохўриро сардори шўъбаи оперативӣ ва сафарбарии Раёсат подполковник Зуҳриддин Нуралиев бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, меҳмонро ба ҳозирин шинос намуда, барои идомаи сўҳбат суханро ба мудири шӯъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории норасоии масъунияти бадан (БНМБ) -и вилояти Суғд Азизахон Ниёзматова дод.
Зимни суханронии худ Азизахон Ниёзматова вобаста ба пешгирӣ ва пайдоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла БНМБ дар ҷомеа ба ҳозирин бо факту далелҳо маьлумот пешниҳод намуд.
Дар рафти вохӯрӣ дар бораи вируси норасоии масъунияти одам муколама байни ҳайати шахсӣ ва намояндаи Маркази ёдшуда баргузор гардид.
Дар поёни вохӯрӣ барои иштирокдорон маводҳои омўзишӣ дар шакли электронӣ ва ҳам чопӣ тақсим карда шуд.