Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш миёни кӯдакону наврасон дар роҳҳо тамошои филми омузишии тасвирии «Қоидаҳои убури роҳҳои автомобилгард»-ро пешниҳод менамояд.
Ин филми тасвирӣ, ки хеле рангоранг тарҳрезӣ шудааст ба волидон ва муаллимон имконият медиҳад, ки маълумотро ба кӯдакон беҳтар расонанд, то аз ҷароҳатҳо ва садамаҳо дар роҳҳо онҳо эмин бошанд.
Маводи видеоӣ аз сомонаҳои хориҷӣ гирифта шудааст.