Баргузории ҷаласаҳои ноҳиявии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе

Баргузории ҷаласаҳои ноҳиявии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда

Дар қаламрави кишвар ҷамъбасти кори комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҳолатҳои фавқулодда идома дорад, ки дар он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Чунончӣ, дар ду ноҳияи пойтахт - Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки раисони Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда - роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои ёдшудаи шаҳри Душанбе ҷаласаҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуданд. Дар ин ҷаласаҳо корҳои анҷомшуда дар соли ҷорӣ таҳлил ва вазифаҳо барои соли оянда муайян карда шуданд.

Ғайр аз ин иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии саривақтии бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ба чорабиниҳои мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа намояндагони комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда ва воҳидҳои ҳудудии Низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти мудофиаи гражданӣ, роҳбарони иншооти хоҷагӣ, раисони ҷамоату маҳаллаҳо иштирок доштанд.

Инчунин, дар ҷаласаҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ, омодасозии  воситаҳо ва қувваҳо ба зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар поёни ҷаласаҳо дар доираи масоили баррасишуда қарорҳо дахлдор бо нишон додани муҳлати иҷрои он қабул шуданд.

барчасп: