ДАҲШАТ ДАР ЗЕРИ ОБ. МЕДУЗАҲО. Заҳри як намуди он метавонад 60 нафарро кушад
Чоп шуд: 16/12/2021 | redaktorМедузаҳо (юнонии μέδουσα) дар забони илмии тоҷикӣ бо ҳамин ном ёд мешаванд, вале дар забон форсӣ онро “арӯси дарёӣ” тарҷума кардаанд. Аз ҷумлаи бемуҳраҳо буда, дар шохаи марҷониён табақабандӣ мешавад. Ин мавҷудот қодир аст дар баҳру уқёнусҳо шино кунад. Аз қадимитарин мавҷудоти обӣ аст, ки ба гуфтаи олимон аз 650 миллион сол пеш ба инҷониб вуҷуд доранд.