Шумори гирифторон ба коронавирус дар олам ба 270 миллиону 922 ҳазору 017 нафар расидааст. Бино ба омори ахиран расонаикардаи Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА аз аввали ҳамагирӣ дар олам 5 миллиону 326 ҳазору 969 нафар аз COVID-19 ҷон бохтанд.
ИМА, Ҳинд ва Бразилия ҳамоно се кишваре мебошанд, ки шумори бештари сироятшуда ба COVID-19 доранд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 29 558 сироятшудаи нав ба коронавирус сабт шуда, шумори умумии гирифторон дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ ба 10 миллиону 046 ҳазору 454 нафар ва фавтидагон ба 290 ҳазору 604 нафар расидааст.
Олмон аз сирояти 6 миллиону 550 ҳазору 716 нафар ба COVID-19 аз аввали ҳамагирӣ хабар дод ва гуфт, ки то имрӯз 106 591 нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.
Дар Эрон то 14 декабри соли равон 6 миллиону 157 ҳазору 519 ҳодисаи сироят ба COVID-19 сабт шудааст ва 130 764 нафар фавтидаанд. Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, ки то ба имрӯз аз ин беморӣ 5 миллиону 975 ҳазору 400 нафар муолиҷа шудаву ҷон ба саломат бурдаанд.
Чандин ҳазор нафар дар Латвия ба муқобили эълони маҳдудятҳои нави зиддикоронавирусӣ даст ба эътироз заданд. Тазоҳуроти осоишта ба хушунат печид, як корманди пулис захмӣ шуд, чор нафар аз ҷумлаи раҳпаймоён боздошт шуданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори умумии сироятшудагон ба COVID-19-ро дар кишвар аз аввали ҳамагирӣ 17,095 нафар эълон намуд. Шумори фавтидани 124 ва шифоёфтагон 16 966 нафар мебошад.