Нахуствазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон эълон кард, ки як нафар дар ин кишвар бар асари гирифторӣ ба гунаи Омикрон фавтидааст. Сарвазири Британия ҳамчунин гуфт, ки шуморе аз гирифторон ба Омикрон дар беморхонаҳои бистарӣ шудаанд ва беҳтарин коре, ки мардум метавонанд дар мубориза бо ин гунаи коронавирус анҷом диҳанд он аст, ки ҳатман худро бори сеюм эм кунанд.
Сарвазири Британия, ки ахиран аз як беморхона барои эмгузаронӣ дар Лондан дидан мекард, гуфт: Мардум бояд ин тасаввурро, ки Омикрон навъи нисбатан заъифи коронавирус аст, канор гузоранд. Вай таассуф хӯрд, ки Омикрон боиси дар беморхонаҳо бистарӣ шудани одамон ва ҳатто фавти як нафар ҳам шудааст. “Бинобар ин ман фикр мекунам мо бояд ин идеяро, ки гӯё омикрон як навъи заъифи коронавирус мебошад, канор гузорем ва шиддати шитоби он дар миёни ҷамъиятро ташхис диҳем”.
То ба имрӯз дар Британия 4,7 ҳазор нафар гирифторони “Омикрон” сабт шудаанд, вале мақомоти тандурустии ин кишвар гуфтаанд, ки он башиддат меафзояд. Тибқи омори ахиран интишоршуда ҳиссаи он дар миёни ҳамаи гунаҳои коронавирус 44%-ро ташкил медиҳад. Вазорати тандурустии Британия ҳамчунин гуфтааст, ки зарфи ду шабонарӯзи оянда штамии нави Омикрон аз кулли гунаҳои пешини коронавирус пеш мегузаранд ва одамони зиёдро фаро мегирад.
Донишмандон тахмин меунанд, ки Омикрон қобилияти онро дорад, ки воксинаҳои то кунун мавҷударо дар баробари худ камтаъсир кунад. Аз ин рӯ тавсия медиҳанд, ки бояд дозаи сеюми ваксинаро ҳам гиранд, то тавонанд ба штамми нав муқовимат намоянд.