Ширкати Раиси КҲФ дар кори Конфронси Осиёии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021(ACDR-2021)

14 декабри соли 2021 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия дар низоми онлайн дар кори Конфронси Осиёии коҳиши хатари  офатҳои табиӣ дар соли 2021(ACDR-2021) ширкат мекунад. Ҳамраиси ин конфронс Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ин Конфронс қарор аст то 16-уми декабр идома кунад ва аз маросими ифтитоҳ, ҷаласаи “мизи гирд”-и сатҳи баланди роҳбарони кумитаҳо ва се ҷаласае, ки масъалаҳои зерин дар он баррасӣ мешаванд, иборат аст:

- коркарди технологияи Коҳиши хатари офатҳо, ки ба эҳтиёҷоти маҳаллӣ барои эҷоди ҷомеаи бехатар, амн ва қобили зиндагӣ ҷавобгӯ мебошанд;

- баланд бардоштани омодагӣ ба офатҳои табиӣ: маълумотнокӣ ва огоҳӣ, баланд бардоштани дастгирии паст кардани хатари офатҳои табиӣ;

- сармоягузорӣ ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои ҷомеаи устувор.

Дар ин конфронс ҳамчунин намояндагони Арманистон, Ветнам, Индонезия, Шри-Ланка, Муғулистон, Сингапур, Таиланд, Филиппин, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Ҷопон, як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ширкат ва суханронӣ карданд.

Дар айни замон дар конфронс беш аз 150 ширкаткунанда сабт шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс Раиси КҲФ, генерал-полковник Рустам Назарзода суханронӣ намуд ва дар бораи дастовардҳои кишвар дар татбиқи Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи миллии коҳи хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030, дар бораи ҷараёни иҷрои лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки ташкилотҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ маблағгузорӣ мекунанд, ба иштирокчиён маълумот дод

Дар рафти ҷаласаи “мизи мудаввар” Сарвари Кумита дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ суханронӣ намуд. Вай ба иштирокчиёни конфронс аз дастовардҳои кишвари мо дар татбиқи Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, аз рафти татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои донор маблағгузорӣ мешаванд, маълумот дод.  

Ҳамчунин, дар ҷаласаи мизи мудаввар дар сатҳи баланд раиси Кумита оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ маърӯза намуд.

Раиси Кумита аз ҷумла қайд кард, ки «бо мақсади тезонидани ноил шудан ба афзалиятҳои асосии Барномаи қолабии Сендай ва Стратегияи миллӣ дар Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ бомуваффақият амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба сохтмони бинои нави муосири назорати марказӣ, лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд оид ба таҳкими иқтидори хадамоти зидди жола – насби радари нави “Доплер” зидди жола, тавсеаи системаи огоҳсозии бармаҳал ва назорати кӯли Сарез, лоиҳаи САҲА бо дастгирии молиявии Иттиҳодияи Аврупо оид ба сохтмони Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ нигаронида шудааст”.

Сарвари Кумита таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ба татбиқи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ «Тақвияти иқтидори коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ», ки аз соли 2016 то соли 2021 бо кумаки молиявии Ҳукумати Ҷопон амалӣ карда шудааст, ҷалб намуд ва дар бораи натиҷаҳои дар доираи лоиҳаи мазкур бадастомада ҷиҳати таҳкими иқтидори Кумита ва дигар шарикон нақл кард, ҳамчунин ба зарурати идомаи ин лоиҳа то соли 2025 таъкид намуд.

15 декабри соли 2021 Сарвари идораи наҷоти кишвар дар кори кумитаи роҳбарикунандаи Маркази осиёии коҳиши офатҳои табиӣ иштирок намуд, ки дар он ҳисоботҳо оид ба фаъолияти Маркази осиёии коҳиши офатҳои табиӣ дар соли 2021 ва нақшаҳо барои соли 2022 шунида шуд.  

Қобили зикр аст, ки конфронс дар робита ба ҳамагирии COVID-19 соли дуюм аст, ки дар шакли онлайн баргузор мешавад.

Қарор аст он соли 2022 дар шаҳри Душанбе доир шавад. 

барчасп: