Рӯзҳои 9-10 декабри исоли 2021 дар шаҳри Ҳисор бо иштироки сардорони шӯъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва сардори шуъба Кумита дар ноҳияи Рашт аз тарафи мутахассисони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита ҷамъомади таълимию методӣ дар мавзӯъи “Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” баргузор гардид.
Дар рӯзи аввал сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон Сангов Ш. ва ҳамоҳангсози лоиҳа Сайдуниев У. бо шунавандагон вобаста ба сабақҳои омӯхташуда аз руи лоиҳаи “Амал дар асоси пешгӯӣ” суханронӣ карданд. Дар кори он, намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, муовини директори Агентии обу ҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева ва директори маркази обуҳавошиносӣ Назарова П. низ иштирок намуданд.
Дар рӯзи дуюм ҷамъомади таълимию методиро сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд полковник Ҷамшед Камолов ифтитоҳ намуда, дар бораи масъалаҳои ҷорӣ ва рӯзмара, хусусан ба масъалаи баланд бардоштани масъулиятнокӣ дар арзёбиҳои зарар ҳангоми офатҳои табиӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва рафти корҳои соҳилбандӣ, кучонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ва иҷрои Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилонаи кучонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023 дар шаҳру ноҳияҳо сухан ронд.
Ҷамъомади таълимию методӣ таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд гузашта, дар рафти он масъалаҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда, таҳлили офатҳои табиӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2021, тартиб ва миқдори расонидани кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба аҳолии дар натиҷаи офатҳои тбиӣ зарардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 “Стратегияи миллииҶумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030”, таснифи ҳолатҳои фавқулодда ва презентатсияи сардорони шӯъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсатҳои Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон дар баҳодиҳии ҳолатҳои фавқулодда ва барқарорсозии хонаҳои зарардида ва дигар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ гардиданд.
Дар ҷамъомади таълимию методӣ ҳамчунин подполковник Шоисматов Шуҳрат Шоҳмастович - сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, подполковник Холов Холмаҳмад - сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, подполковник Ашуров Вафо Маҳмадризоевич - сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, подполковник Ғиёсов Шодмон - сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рашт, майор Сайдаҳмадов Бахтиёр - сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди шуъбаи Кумита дар минтақаи Кӯлоб, капитан Зулфиқори Раҳмон – афсари калони бахши Кумита дар шаҳри Ҳисор ширкат намуданд.
Дар охири ҷамъомади мазкур ширкаткунандагон пешниҳод карданд, ки чунин ҷамъомадҳо дар оянда дар ҳар як семоҳа якҷо бо сардорони шӯъбаҳою бахшҳои Кумита, сардорони Раёсатҳои Кумита дар минтақа ва вилоятҳо гузаронида шаванд.
Ҷамшед Камолов, сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, полковник.