Пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хисорот аз офатҳо дар шаҳри Гулистон

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти Раёсати Раиси комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда - Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода ҷаласаи  Комиссияи ҳудудии ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа баромади Орифзода Ф.Н. оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №101 "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022" ва майор Ҳикматулло Амонов-сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон  дар бораи фаъолияти Комиссияи ҳудудии ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар 11-моҳи соли 2021 шунида шуд.
Баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва кам кардани хисорот ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ Нақшаи таъмини иҷрои чораҳои таъхирнопазир ва пешгирикунандаи ҳолатҳои  фавқулода дар мавсими  боронгариҳо ва пешгирӣ намудан дар ҳолати омадани селу ҳодисаҳои обхезӣ барои соли 2021 тартиб дода шуда, бо қарори Раиси шаҳр  тасдиқ карда шудаст.

Дар асоси қарори мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон якҷо бо бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст.

 

Ш.Бутаева