марти 2020

Обу ҳавои рӯзи ҷумъа, 13-уми март. Бебориш, вале хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд ҳамоно хавфи лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар вуҷуд дорад. Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагонро ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар ин роҳҳо ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Тарма падидаест, ки ногаҳон зуҳур мекунад. Барои лағзиши тарма шарт нест, ки ҳаво боронӣ бошад,

Машғулиятҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Раёсати Суғд

Бо мақсади омода намудани аҳолӣ, ҳайати роҳбарикунандаи вилоят ва тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, амал хангоми сар задани холатҳои фавқулодда ҳамасола дар маркази таълими-методии Раёсат машғулиятҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Гуфтанист, ки Маркази таълимӣ-методии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании

Ӯзбекистон ва Тоҷикистон канали калони Ҳисорро бо ҳам тоза мекунанд

Дар асоси шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 5 марти соли 2020 ба шаҳри Ҳисор  9 адад техникаи махсус (эксковаторҳои тасмачарх) бо ронандагонашон аз Ҷумҳурии Узбекистон барои тоза намудани канали калони Ҳисор ба шаҳри Ҳисор ворид гардиданд.

Корҳои тозаю барқароркунии канали калони Ҳисор рӯзи 8-уми

Ду ҳунарманди саршиноси Ҳоливуд мубталои короновирус шуданд. Амрико дарҳои худро ба рӯи аврупоиён баст

Том Ҳанкс – ҳунарманди саршиноси Ҳоливудбарандаи  чандин ҷоизаи Оскар ва ҳамсараш Рита Уилсон, ки дар Австралия ба сар мебаранд, гирифтори короновирус шудаанд. Ҳанкс дар саҳифаи худ дар Инстиграм навиштааст, ки  вай ва ҳамсараш пас аз ин ки гирифтори сармохӯрдагӣ шудандба беморхона муроҷиат кардаанд ва дар он ҷо аз онон озмоиши короно гирифта шуда ва натиҷаи он мусбат эълом

Заминларза дар Тоҷикистон

Шаби гузашта, 11 март, соати 22:11 дақиқа бо вақти маҳалӣ дар қаламрави кишвар замин ларзид. Бино ба маълумоти Идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази он 82 километр шимолу шарқи пойтахти кишвар шаҳри Душанбе  ва 8 километр аз шаҳри Роғун буд.

Ин манбаъ хабар дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар шаҳри Роғун 2-3 балро ташкил дод. 

Вазорати тандурустӣ аз 436 нафаре хабар дод, ки ҳоло дар карантин қарор доранд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 1  феврал то 10 марти соли равон 1583 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии  Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба  карантин фаро гирифта шудаанд.
Аз ин теъдод то 10 март 1147 нафари онҳо ба хонаҳояшон

Сминар дар шаҳри Гулистон

Дар маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд семинар-машварат оид ба рафти омӯзиши мудофиаи гражданӣ ва расонидани ёрии амалию методӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии шаҳр оид ба ташкили омӯзиши мудофиаи гражданӣ дар байни хонандагон ва тарбиятгирандагону

Обу ҳавои рӯзи панҷшанбе, 12-уми март: Эҳтимоли лағзиши тарма рафъ нашудааст

Бино ба маълумоти агентии ҳавошиносии кишвар ҳамоно хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар рафъ нашудааст ва ин бештар ба бориши барфу борон дар минтақаҳои кӯҳӣ иртибот дорад. Созмони ҳавошиносӣ дар огоҳиномаи худ ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 11-12-уми марти соли равон дар   дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд,

Ёде аз Гурминҷ Завқибеков

Гурминҷ Завқибеков - ҳунарманди варзида ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театр ва синамои кишвар, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Гурминҷ Завқибеков аст.

Деҳаи зебоманзари Шучанди ноҳияи Рўшон, ки Гурминҷ соли 1929 дар он ҷо ба дунё омадааст, аз қадимулайём бо

Рӯзи матбуот муборак бод!

Журналистони муҳтарам !

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуот муборакбод мекунад.

Дар кишвари мо касби журналистӣ ҳамеша боиси эҳтиром

Ширкати бонувони Раёсати Суғд дар барномаи телевизиони “7-Ситора”

Бо мақсади дар байни аҳолӣ паҳн намудани натиҷаҳои назаррасу касби пурмасъулияти бонувони хизматчии Раёсат, баланд бардоштани нуфузи Кумита дар байни мақомоти дигар, дар байни ҷомеа бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба ҳавасмандгардонии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, шинос намудани онҳо бо ҳаёти низомиён бахшида ба идҳои баҳорӣ дар ҳамкорӣ бо Ширкати телевизион ва радиои «7-Ситора» оид ба

Садамаи рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд. Шарҳи расмӣ

Садамаи рӯзи гузашта дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бо айби ронандаи мошини Дулан SAKMAH рух додааст. Ин ронанда аз уҳдаи идораи мошинаш набаромада ба мошини дигар бархӯрдааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ бо ҷиддият қоидаҳои бехатариро риоя кунанд ва ҷони худу ҷони дигаронро дар хатар нагузоранд.

Страницы