марти 2020

Дар садамаи заврақ дар Сир як нафар ҳалок шуд

Аз ду нафаре, ки савори як заврақи моторӣ мехостанд аз соҳиле ба соҳили дигар дарёи Сир убур кунанд, яке ғарқи дарё шуд ва то кунун ҷустуҷӯи ҷасади ӯ бенатиҷа будааст. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин ҳодиса нисфирӯзии 5-уми март рух додааст.
Дар хабар ом адааст, ки рӯзи 5-уми марти соли равон, соати

Сандуқи байналмилалии пул барои мубориза бо вируси короно 50 миллиард доллар ҷудо кард

Бино ба охирин иттило садуқи байналмилалии пул барои мубориза бо вируси короно дар саросари ҷаҳон 50 миллиард доллар ҷудо кард. Ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки вирус ҳамакнун баъди Чин босуръат ба кишварҳои дигар, аз ҷумла мамолики аврупоӣ доман мегустарад. Ҳафтаи ҷорӣ давлатҳо ва бонкҳои марказии ҷаҳон гомҳо барои коҳиши таъсири Короно-19 бардоштаанд. Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки ин

Овоза ва ҳақиқат

Зарфи чанд рӯзи охир густариши короновирус дар баъзе кишварҳои олам сабаби овозаҳои воҳиманок шудааст ва мардум бо шунидани номи карантини эҳтимолӣ рӯ ба бозору мағозаҳо овардаанд ва ҳар чизе барои хӯрдану ошомидан зарур аст, харидорӣ мекунанд. Бахусус, дирӯз қариб дар аксар шаҳру навоҳии кишвар тараддуди сокинон қобили ҳеч қиёсе набуд. Беш аз ҳадди интизор захира кардани орду руғану дигар маҳсулот наметавонад

Обу ҳавои рӯзи ҷумъа, 6-уми март: Борону барфи ба ҳам омехта, вазиши боди сахту сард дар кишвар

Агентии ҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 5-8 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ дар назад дошта шудааст, дар минтақаҳои гуногун борону барф меборад. Бахусус рӯзҳои 8-9 март ҳаво тағйир меёбад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар ағбаҳои кўҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии ВМКБ лағзиши тарм аз эҳтимол дур нест.

Короновирус: Нигарониҳо аз вазъи Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон

Шумори мубталоён ба вируси короно дар Кореяи Ҷанубӣ бино ба омори соати 8 бегоҳи рӯзи гузашта ба 5186 нафар расид. Раванди рӯ ба афзоиши вирус дар Кореяи Ҷанубӣ нигаронкунанда аст, танҳо рӯзи гузашта бештар аз 500 нафар ба ин вирус мубтало шуданд.

Дар иёлоти Вашингтони ИМА дирӯз аз фавти боз се нафар бар асари сирояти короно хабар дода шуд. Шумори ҷонбохтагон

Тамрини бартарафсозии хатари ярч дар Роғун

Субҳи рўзи 3 марти соли равон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҷиҳати санҷиши ҳолати омодагии зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи мақомот, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягона ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва

Вируси короно: Олам дар минтақаи ғайриқобили вуруд

Кореяи Ҷанубӣ бо нигаронӣ аз вазъи густариши вируси короно дар мамлакат вазъи ҷангӣ зидди ин вирус эълон кард. Президенти ин кишвар Мун Чже Ин ба тамоми дастгоҳҳои ин кишвар фармон дод мубориза ба муқобили коронро тақвият бахшанд ва барои садди роҳи густариши он шудан чораҳои фаврӣ андшанд.

Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳое мебошад, ки бо рушди

Илоҷи ҳар воқеъа қабл аз вуқуъ

Ин буд як сабаби санҷиши ҳолати омодабоши ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ки охири моҳи гузашта баргузор шуд. Роҳбарияти Раёсат сатҳи омодагии кормандон ва ҳайати шахсиро санҷид ва онро арзёбӣ кард. Барои рафъи камбудиҳо чораҳои иловагӣ дид.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба

Корҳои пешгирикунанда аз вируси короно дар Раёсати Суғд

Баҳри пешгирӣ аз сироят ба вируси короно, таъмини солимии ҷомеа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза тадбирҳо андешида шуда истодааст. Бо супориши Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд низ чорабиниҳои пешгирикунанда таҳия

Кашфи ҷасади марди ношиносе дар як чоҳи об

Дар чоҳе воқеъ дар наздикии маҷмааи “Шарқи озод”-и шаҳри Душанбе ҷасади як марди ношинос пайдо шуд. То кунун мушаххас нашудааст, ки ин мард кист ва аз куҷост ва сабаби ғарқи чоҳ шуданаш чист.

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди 

Оби ҷоришуда аз сарбанди “Баҳри тоҷик” ба маҷрои аввалааш баргардонда шуд. Бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ идома доранд

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои боди шадиде, ки сабаби аз соҳилҳои “Баҳри тоҷик” берун рехтани оби зиёд ва зери об мондани садҳо гектар замин шуда буд, идома дорад. Бино ба охирин иттило рӯзи 1-уми марти соли равон барои бартараф кардани хатари зери об мондани заминҳо 22 адад техникаи гуногун, аз ҷумла, 1 адад булдозери Т-170, 13 адад техникаи боркаши ЗИЛ, 6 адад КАМАЗ, 2 адад техникаи борбардори Volvo EW-150

Интихобот ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд

Рӯзи 1-уми март ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд барои иштирок дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии №40 – и шаҳри Хуҷанд, ки дар бинои МТМУ № 10 ба номи Алиҷон Давлатов ҷойгир аст, рафтанд  ба номзади арзандаи худ овоз доданд.

Страницы