Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 1 феврал то 10 марти соли равон 1583 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд.
Аз ин теъдод то 10 март 1147 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 436 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд.
Дар хабаре, ки ин вазорат дар сомонаи худ интишор додааст, аз ҷумла омадааст, ки то имрӯз сирояти коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат пурзӯр карда мешаванд.
Бино ба маълумотҳои расмӣ, айни замон сирояти коронавирус дар 114 кишвари олам ба қайд гирифта шудааст. Ин вазъият мутахассисони тоҷик, аз ҷумла масъулони ҳама вазорату идораҳои дахлдори кишварро водор месозад, ки чораҳои қатъиро нисбати пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон роҳандозӣ ва боз ҳам пурзӯр намоянд.
Ҳарчанд, ки то имрӯз дар ин самт чораҳои мушаххас-қатъи парвозҳои ҳавоӣ ба 6 кишвари осебпазири сирояти мазкур, пурзӯр намудани корҳои назорати дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, маҳдуд намудани чорабиниҳои оммавӣ, манъи намозҳои дастаҷамъонаи панҷвақта ва намози ҷумъа, ба истиснои намози ҷаноза ва дигар тадбирҳои андешидашуда рӯйи кор гирифта шудаанд, аммо бо вуҷуди ин, дар сатҳи ҳар як қатор вазорату идораҳои мухталифи кишвар нақшаҳои мушаххаси чораҳои пешгирӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шаванд.
Манбаъ мегӯяд, бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли сирояти коронавирус дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ситоди корӣ ва байниидоравӣ фаъолият менамояд.