Обу ҳавои рӯзи панҷшанбе, 12-уми март: Эҳтимоли лағзиши тарма рафъ нашудааст

Бино ба маълумоти агентии ҳавошиносии кишвар ҳамоно хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар рафъ нашудааст ва ин бештар ба бориши барфу борон дар минтақаҳои кӯҳӣ иртибот дорад. Созмони ҳавошиносӣ дар огоҳиномаи худ ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 11-12-уми марти соли равон дар   дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара лағзиши тарма аз эҳтимол дур нест.

Ҳавои рӯзи оянда дар саросари кишвар тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

12-уми март дар шаҳри  Душанбе ҳавои абрӣ хоҳад буд, шабона ва субҳ борон меборад, гоҳ-гоҳе туман низ дида хоҳад шуд. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7 м/с мевазад.  Дамои ҳаво шабона  аз 1 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад. 
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, шабона ва субҳ гоҳ-гоҳе борон меборад, вале рӯзона бебориш мегузарад, дар баъзе ноҳияҳо туман низ мефарояд.  Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.  
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 м/c мевазад. Дамои ҳаво шабона 1+3°, рӯзона 13+154° гарм мешавад.  
Дар вилояти Суғд  низ ҳаво бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона  12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  2 - 7° сард, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.    
Ҳавои шаҳри Хоруғ  гоҳо абрист, вале бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона  2-4° хунук, рӯзона 7+9° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои абрист, аммо бе боришоти назаррас. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 15-17°, рӯзона 2-4° хунук мешавад. 
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ   ҳавои абриву бебориши назаррас. Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона  2 – 7 дараҷа хунук,  рӯзона 5+10° гарм, дар шарқи вилоят шабона 15 - 20° сард, рӯзона 2-7° хунук мешавад.

ш. Бохтар – Ҳавои абрӣ, вале бебориш. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 3+5°, рӯзона 8+10° гарм мешавад. 
Дар шаҳри Кӯлоб низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4°, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.  
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок. Дар водиҳои вилоят борони кутоҳмуддат меборад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барфу борон меборад ва туман меояд.Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 2+7°, рӯзона 9+14° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона  аз  4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

барчасп: