Том Ҳанкс – ҳунарманди саршиноси Ҳоливуд, барандаи чандин ҷоизаи Оскар ва ҳамсараш Рита Уилсон, ки дар Австралия ба сар мебаранд, гирифтори короновирус шудаанд. Ҳанкс дар саҳифаи худ дар Инстиграм навиштааст, ки вай ва ҳамсараш пас аз ин ки гирифтори сармохӯрдагӣ шуданд, ба беморхона муроҷиат кардаанд ва дар он ҷо аз онон озмоиши короно гирифта шуда ва натиҷаи он мусбат эълом шудааст.
Том Ҳанкс ҳамчунин навиштааст, ки баъди ин хабар зану шавҳар худро карантин кардаанд. Том Ҳанкс ва Рита Уилсон ҳарду 63 сол умр доранд.
Ин зану шавҳар дар Соҳили тиллоии Квинсленд ба сар мебурданд, ки он ҷо Ҳанкс ба наворбардории филм дар бораи Элвис Пресли машғул буд.
Ҳанкс дар Инстиграм навиштааст, ки “мо зану шавҳар дар аввал худро каме хасташуда ба мисли сармохӯрдагӣ ҳисс кардем. Рита каме меларзид ва ин ларзиш гоҳ пайдо мешуд ва гоҳи дигар гум мешуд. Каме табъ ҳам доштем”.
Ахиран Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки вируси короно ба ҳадди пандемия расидааст, чун фарогири давлатҳои зиёде шудааст.
Президенти ИМА Доналд Тромп дар муроҷиаташ ба миллат дар шаби гузашта эълон кард, ки марзҳои кишварашро то 30 рӯз ба рӯи ҳамаи онҳое, ки аз Аврупо меоянд, мебандад. Танҳо Британияи Кабир истисност.
Тромп ҳамчунин гуфт, ки ҳамаи кормандоне, ки ба сабаби Covid-19 бистарӣ шуданд, тӯли замони муолиҷа маош хоҳанд гирифт. То кунун дар ИМА 1135 нафар чун сироятшуда ба короновирус ба қайд гирифта шудаанд ва 38 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Италия ба қароре омад, ки кулли мағозаҳои кишвар, ба ҷуз мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳоро бандад. Италия дуюмин кишвари олам аст, ки ба хатари гирифтории фарогир ба короно рӯ ба рӯст. Нахуствазири ин кишвар ахиран Италияро пурра дар ҳоли карантин эълон кард.
Садриаъзами Олмон Ангела Меркел эълон кард, ки 70 дарсади аҳолии кишвараш, ки 58 миллион мебошанд, метавонанд гирифтори Covid-19 шаванд.
Ҳукуматдорони вилояти Квебеки Канада мусобиқоти ҷаҳонии рақс дар рӯи яхро, ки қарор буд рӯзҳои 18-22 март мегузашт, ба сабаби короновирус лағв карданд.