Заминларза дар Тоҷикистон

Шаби гузашта, 11 март, соати 22:11 дақиқа бо вақти маҳалӣ дар қаламрави кишвар замин ларзид. Бино ба маълумоти Идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази он 82 километр шимолу шарқи пойтахти кишвар шаҳри Душанбе  ва 8 километр аз шаҳри Роғун буд.

Ин манбаъ хабар дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 3 балл ва дар шаҳри Роғун 2-3 балро ташкил дод. 

Бино ба ҳамин гузориш дар дигар шаҳру ноҳияҳо кишвар заминларза эҳсос нашуд, хисорот ва талафоти ҷонӣ низ дар ҷумҳурӣ  ба қайд гирифта нашудааст

барчасп: