Обу ҳавои рӯзи ҷумъа, 13-уми март. Бебориш, вале хавфи лағзиши тарма вуҷуд дорад

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд ҳамоно хавфи лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар вуҷуд дорад. Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагонро ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат дар ин роҳҳо ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Тарма падидаест, ки ногаҳон зуҳур мекунад. Барои лағзиши тарма шарт нест, ки ҳаво боронӣ бошад, кифоя аст, ки дамо гарм бошад ва барфтӯда аз теппае ё қуллае канда шавад. Ан рӯ, ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ хеле бояд эҳтиёткор буд.

Ҳавои рӯзи оянда дар саросари кишвар тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

12-уми март дар шаҳри  Душанбе ҳавои абрӣ, вале бебориш хоҳад буд, гоҳ-гоҳе туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона  аз 1 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад. 

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, дар баъзе ноҳияҳо туман низ мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.   

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти   шарқ бо суръати 3-8 м/c ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати аз 10 то 15 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 1 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад. 

Дар вилояти Суғд  низ ҳаво бебориш хоҳад буд. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с,  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона  13+18° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  4 - 9° сард, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад

Ҳавои шаҳри Хоруғ  гоҳо абрист, вале бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона  1-3° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои абрист, аммо бе боришоти назаррас. Шамол аз самти   шарқ бо суръати 0-5 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 16-18°, рӯзона 0-2° хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ   ҳавои абриву бебориши назаррас. Шамол аз самти   шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона  5 – 5 дараҷа хунук,  рӯзона 7+12° гарм, дар шарқи вилоят шабона 16 - 21° сард, рӯзона 0-5° хунук мешавад.   

ш. Бохтар – Ҳавои бебориш. Туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 3+5°, рӯзона 16+18° гарм мешавад.

Дар шаҳри Кӯлоб низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4°, рӯзона 15+17  дараҷа гарм мешавад. 

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво бебориш хоҳад буд. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 0+5°, рӯзона 16+21° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона  0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 7+12° гарм мешавад.

барчасп: