Ӯзбекистон ва Тоҷикистон канали калони Ҳисорро бо ҳам тоза мекунанд

Дар асоси шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 5 марти соли 2020 ба шаҳри Ҳисор  9 адад техникаи махсус (эксковаторҳои тасмачарх) бо ронандагонашон аз Ҷумҳурии Узбекистон барои тоза намудани канали калони Ҳисор ба шаҳри Ҳисор ворид гардиданд.

Корҳои тозаю барқароркунии канали калони Ҳисор рӯзи 8-уми марти соли ҷорӣ аз ҷамоати шаҳраки Ҳисор, маҳаллаи Берунӣ, кўчаи Бедил, нуқтаи 276-50 обгузари канали калони Ҳисор оғоз гардида, то мавзеи сарбанди канали мазкур (дарёи Душанбе) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома меёбад. Тибқи нақша дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 18 км корҳои поксозии дохил ва канораҳои канали номбурда ба анҷом расонида мешавад.          

То рӯи 11-уми марти соли равон ҳудуди 6,3 км (3,15км  ва 3,15км аз ду канори канал) корҳои тозаю барқароркунии канораҳои канали калони Ҳисор анҷом шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Илова бар ин рӯзи 11 марти соли 2020 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шарҳи Ҳисор 3 адад техникаи махсус ва 30 нафар аз ҷумлаи сокинони рустоҳои канори канал барои тоза намудани канали калони Ҳисор аз партовҳо ва дарахтони атрофи он сафарбар карда шудаанд. Онҳо то ин лаҳзаҳо корҳои зиёдеро барои ободониву покиву низофати муҳимтарин канали минтақа анҷом доданд. 

Гуфтанист, ки ронандагони эксковаторҳо (аз Ҷумҳурии Узбекистон) дар шаҳри Ҳисор бо се вақт ғизои гарм ва ҷои хоб пурра таъмин карда шудаанд.

 

барчасп: