Дар маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд семинар-машварат оид ба рафти омӯзиши мудофиаи гражданӣ ва расонидани ёрии амалию методӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии шаҳр оид ба ташкили омӯзиши мудофиаи гражданӣ дар байни хонандагон ва тарбиятгирандагону мураббиён тибқи барномаҳои омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти семинар-машварат афсари калони бахш лейтенант Саймустафо Нуров доир ба барномаҳои омӯзишии мазкур мақсаду иҷрои омӯзиш ва моҳияти амалисозии Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 суханронӣ намуд.
Дар семинар-машварат директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ширкат доштанд. Ба иштирокчиён доир ба омӯзиши асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин барномаи омӯзишӣ, мавзӯъҳои дарсӣ оид ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва дигар маводҳои зарурӣ тариқи электронӣ дастрас карда шуд.
Шаҳзодахон Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат лейтенант