октября 2019

Таблиғи Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Суғд

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии КҲФ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи иттилонокии аҳолӣ кормнадони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Масъалаҳои муҳим дар ҷомеа”-и радиои вилоятӣ ширкат намуданд.

13 октябр - Рӯзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳо

Ташкилоти байналмиллалии Миссияи Шарқ бо ҳамкории зичи Бахшҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ бахшида ба Рӯзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳо 11 ва 12 октябр дар маркази ноҳияҳо чорабиниҳои тантанавӣ барпо намудаанд. Бахшида ба ин рӯз рӯзномаҳои ноҳиявӣ нашри махсус омода сохтаанд, ки дар он аз корҳо нисбати коҳиши хатари офатҳо дар ноҳия ахборот пешниҳод мешавад.

ТТЭ ҲНИ. АБЗОРИ ДАСТИ БЕГОНА

Гузашти замон маълум кард, ки  Ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом аслан тавонмандии назарӣ ва амалии саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро надошт ва надорад. Фаъолияти ин ҳизб фаротар аз сатҳи идеологӣ набуду нест. Ин ҳизб, бо вуҷуди ба даст овардани муҷаввизи фаъолияти расмӣ, усулан натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, мутаассифона, бо корбурди номи ислом ва суистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои тавтеаангез барои расидан ба  ҳадафҳои сиёсии дастнораси худ мекунад.

Азназаргузарони техникаи наҷот дар Раёсати Хатлон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон азанаргузаронии воситаҳои Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсат, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолии давраи зимистон истифода маешавад, баргузор шуд.

Ҳадафи аслии азназаргузаронӣ санҷиши омодагии саривақтӣ ва амали босифат  дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар фасли зимистон буд. Пеш аз оғози чорабинӣ ҳамаи ширкаткунандагон дар назди техникаи худ саф кашиданд.

Рӯзи дарҳои боз дар Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб

Кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умуиҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо Рӯзи дарҳои боз гузарониданд. Дар ин чорабинӣ 100 нафар хонандагон аз 5 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб ширкат намуданд.

Анҷоми тамринҳои санҷишӣ дар Хатлон

Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, таъмини бехатарии одамон дар соли 2019 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни  ҳайати шахсии хадамоти таъмини ҳуқуқии ВКД дар вилояти Хатлон тамрини фармондеҳиву ситодӣ дар мавзуъи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи  нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани  ҳолати фавқулода” гузарониданд.

Наҷоти се нафар дар як садамаи фоҷеабор

Ҷавонони мошинсавор бештар ҳаракатҳои тунд мекунанд, бо суръати баланд мошин рондани онҳо дар аксар ҳолатҳо сабабгори садамаҳои фоҷеабор шудааст. Хабаре, ки пайи шарҳу тафсираш ҳастем, аз ҳамин бора ҳикоят мекунад. Ҷавони 23-сола бо суръати баланд мошин ронда, дар роҳи ҳамвор натавонист аз уҳдаи идораи он барояд ва ба майдони пахта чаппагардон шуд. Фаврияти кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷони се нафарро аз марг наҷот дод. Вале агар онҳо ҳам сари вақт намерасиданд чӣ?

Раёсати Суғд 9 моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст намуд

Зарфи 9 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 557 ҳодисаҳои гуногуни фавқулода ба қайд гирифта шудаанд ва ба хоҷагии халқ ва иқтисоди вилоят 14 миллиону 346 ҳазору 72 сомонӣ зарар расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2018 дар ҳудуди вилоят 532 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 106 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Ҳалокати шаш фили осиёӣ дар Таиланд, ки мехостанд як филбачаро наҷот диҳанд (Видео. Навшуда)

Шаш фил, ки талош мекарданд ҳамдигарро наҷот диҳанд, бар асари сарозер шудан дар як обшори хатарнок ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар Таиланд рух додааст ва мақомот гуфтаанд, ки дар мамнуъгоҳи милии Хао-Яй аввал як бачаи фил ҳангоми шино ба партгоҳ афтод. Филҳои дигар хостанд ӯро наҷот диҳанд ва ҳамагӣ дар ҳамон партгоҳи хатарнок фурӯ рафтанд.

Мулоқоти ҳайати шахсии КҲФ бо Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

5 октябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Директори Академияи ВАО Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон баргузор шуд.

Зиннатуллоҳ Исмоилзода ҳайати шахсии КҲФ-ро ба Рӯзи забони давлатӣ муборакбод кард ва дар бораи фаъолияти Иттифоқи журналистон ва Академияи ВАО суҳбат намуд. 

Ғайр аз ин дар ҷараёни мулоқот ба ҳайати шахсӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” маълумот дода шуд.

Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 октябри соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорати мазкур ҷамъомади таълимӣ-методӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд. Ҷамъомади мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2019 баргузор гашт.

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Страницы