Ахбори рӯз

Семинар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

30 декабри соли 2024 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратии муштарак дар мавзӯи «Рушди туризми кӯҳнавардӣ» баргузор гардид. Точикистон.

Дар семинар муовини якуми Раиси КҲФ, генерал-майор Латифзода Х.Л., муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Р. Холматиён, инчунин роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок карданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе шуниданд

Бино ба хабари муовини сардори Раёсати КҲФ дар шаҳри  Душанбе полковник Р.Шарифзода, субҳи имрӯз ҳайати шахсӣ ва кормандони ин Раёсат сарҷамъона Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро шуниданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати КҲФ дар Хоруғ шунида шуд

Ҳайати шахсӣ ва кормандони  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ сарҷамъона Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро шуниданд.

Дар хабаре, ки сардори Раёсат полковник  Н.Миракзода ирсол кард, омадааст, ки  то оғози Паём ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати фарорасии Соли нави милодӣ баргузор шуд. 

Дар КҲФ Паёми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шуниданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро шуниданд. 

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд. Дар гузориши сардори шуъбаи мазкур подполковник С.

Страницы