Ахбори рӯз

Анҷоми тамрини воҳидҳои наҷоти кишварҳои узви СПАД дар Белорусия

5 сентябри соли 2023 омӯзиши махсус барои наҷотдиҳандагони кишварҳои узви СПАД бо номи “Сахра 2023” (“Скала-2023”) дар машқгоҳи бахши “Институти омодасозӣ ва такмили ихтисос”-и Донишгоҳи мудофиаи граждании ВҲФ Ҷумҳурии Белорус ба анҷом расид.

Наҷотдиҳандагони Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 14-уми Шӯрои ҳамоҳангсози ҳолатҳои фавқулодда кишварҳои узви СПАД иштирок мекунад

5 сентябри соли 2023 дар шаҳри Минск ҷаласаи 14-уми Шӯрои ҳамоҳангсози ҳолатҳои фавқулодда кишварҳои узви СПАД бо иштироки роҳбарони сохторҳои наҷот баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии   раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ширкат мекунанд.

Қарор аст дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими механизмҳои...

Наҷоти як сокини кӯчаи Беҳзоди пойтахт аз дохили лифти бинои бисёрошёна

4 сентябри соли 2023 соати 21:43 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе лифт аз кор мондаву дар дохили он як бошандаи ин хона дармондааст.

Идома корҳои бартарафсозии оқибатҳои селҳои харобкор дар қаламрави шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ

Рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб ва шаҳри Ваҳдат идома доранд. Барои ин кор воситаҳои техникӣ ва сокинони деҳоти ҷамоатҳои ҷалб шудаанд.

Шаҳри  Ваҳдат

4 сентябри соли 2023 дар қаламрави ҷамоатҳои деҳоти ба номи Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромит барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ корҳои зерин анҷом дода шуданд: 

Аз ҳаводиси шабонарӯзи гузашта. Ҳалокати як тифли чорсола дар оби канали деҳаи Боғпарвари ноҳияи Данғара

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашуд. Вале чун рӯзҳои дигар сокинон барои кумак ба Қисми навбатдорӣ занг заданд ва ёрӣ хостанд. Чунончӣ, 4 сентябри соли 2023 соати 00:9 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини хонаи 33 кӯчаи ба номи Малика Собироваи пойтахти кишвар ба Қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки дари утоқи хоби манзили истиқоматиаш, ки дар он тифли дусола танҳо мондааст, баногаҳ пӯшида шудаву қуфл шудааст ва ӯ наметавонад вориди он шавад.

Страницы