Ахбори рӯз

Кумак ба сокинони осебдидаи шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба аҳолии зарардида аз оқибатҳои сел, дар доираи Ҳамкории байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони байналмилалӣ аз рӯзҳои аввали офати табиӣ мунтазам кумак дар шакли маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ расонида мешавад.

Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар навоҳии осебдида

Дар навоҳии аз селҳои ахир осебдидаи кишвар корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ бо ҷалби сокинон ва техникаи муҳандисии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва сохторҳои дигар идома доранд.

Шаҳри Ваҳдат...

 

Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар навоҳии осебдида

Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, 27 августи соли 2023, тахминан соати 18:30 дар натиҷаи боришоти шадид дар деҳаи Ҳабутаки ҷамоати деҳоти Муҷуми ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сел ба таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ ва 13 иншооти ёрирасон ворид шуда, зарар расонд. Бар асари ин сели харобкор 8 километр роҳи маҳаллӣ ва як сутуни интиқоли қувваи барқ хароб гардид. Дар ин офати табиӣ 48 сар чорвои калони сокинон талаф ёфт.

Шумори куштагони сел дар рӯзҳои охир ба 21 нафар расид

Шумори ҳалокшудагон дар селҳои ахир дар кишввар ба 21 нафар расид. 17 нафар дар селҳои шаҳри Ваҳдат ҷон бохтанд, 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 нафари дигар дар ноҳияи Варзоб ҷони худро аз даст доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои дохилии Кумита барои бартараф намудани паёмадҳои...

Мизи гирди дурӯзаи «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (EW4All)

29 августи соли 2023 дар бинои Китобхонаи миллӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, бо иштироки Раиси КҲФ генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, хонум Парвати Рамасвамӣ, нишасти мизи гирди дурӯзаи “Огоҳии бармаҳал  барои ҳама” (EW4All), ки аз ҷониби Дабири кулли СММ пешниҳод шуда буд, ба кори худ оғоз кард.

Страницы