Дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт кӯпора сарозер шудааст. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун аз канда шудани кӯҳпора дар километри 76,600-и шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт хабар дод.

Ин ҳодиса рӯзи 20 - декабри соли 2024, тақрибан соати 11:30 дақиқа иттифоқ уфтодааст. Дар хабар гуфта шудааст, ки баландии ин кӯҳпора 10 метр ва паҳнои он 100-120 метр мебошад. 

Дар айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи навсохташуда ба роҳ монда шудааст. 

Дар мавзеи мазкур 2 адад боркунаки фронталӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёт сафарбар карда шуда, корҳои бартарафкунӣ дар ин самт идома дорад. 

Тарқиши кӯҳ дар баландии 150 метр аз қисмати шимолии мавзеи мазкур низ ба амал омадааст, ки дар оянда ба поён лағжиданаш аз эҳтимол дур нест.

Ҳодисаи мазкур талафоти ҷонӣ ва хисорати дигар надошт.

 

барчасп: