3 январи соли 2025 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсат инчунин шуъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд. Баъдан муовини сардори Раёсат подполковник Ҷамшед Кучаков оид ба рух додани ҳодисаҳои хусусияти гуногундошта, гузаронидани машқу тамринҳо, вохурӣ ва корҳои таблиғотӣ дар минтақаҳои хавфнок, иҷрои корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ дар шаҳру навоҳии вилоят ва ба омӯзиш фаро гирифтани шунавандагон ба самъи ҳозирин маълумот дод.
Қайд карда шуд, ки дар давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 749 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 225 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарар 24 миллиону 203 ҳазору 121сомониро ташкил дод.
Дар ҳамин давраи соли 2023 дар ҳудуди вилоят695 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 173 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарари расонидашуда 23 миллиону 714 ҳазору 852сомониро ташкил намуда буд.
Дар соли 2024 дар ҳудуди вилоят 13 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 5 нафар ба ҳалокат расида, маблағи зарари расонидашуда 17 миллиону 45 ҳазору 39 сомониро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли 2023, 7 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, маблағи зарари расонидашуда 7 миллиону 521 ҳазору 624 сомониро ташкил дода, 6 нафар ба ҳалокат расида буд.
Ҳамзамон дар давоми соли 2024 аз ҷониби Раёсат ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 1026 адад машқу тамринҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуда, дар Маркази таълимӣ-методии Раёсат 2406 нафар шунавандагон ба омӯзиш ҷалб карда шуданд.
Ҷиҳати эълон гардидани “Соли 2024-соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои таркибии он дар ташкилоту муассисаҳо ва шаҳру ноҳияҳо суҳбату вохӯриҳо бо иштироки шаҳрвандони касбу кори гуногун гузаронида шуд.
Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилоят ва Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон дар нуҳмоҳаи соли 2024, дар 79 амалиётҳои наҷотдиҳӣ, кофтукобӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда иштирок намуданд. Аз ҷумла: дар 29 амалиёти кушодани дарҳои хонаҳои истиқоматӣ, 11 амалиёти бартараф намудани оқибатҳои садамаи нақлиётӣ, 35 амалиёти корҳои зериобӣ ва рӯиобӣ ва 1 амалиёти бартараф намудани оқибатҳои тарма.
Дар давоми соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Исфара, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Истаравшан, Айнӣ, Зафаробод, Мастчоҳ ва Шаҳристон корҳои соҳилбандӣ ва тоза кардани селроҳаҳо ба масофаи 38,5 км ва поккории каналҳои обёрикунанда ва заҳбуру заҳкашҳо ба масофаи 128,1 км ба анҷом расонида шуд.
Баъди анҷоми баромад, аз тарафи сардори Раёсат аз сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои нақшаву чорабиниҳои дар соли 2024 ба анҷом расонидашуда табодули афкор сурат гирифт.
Баъди масъалаҳои дар ҷаласа баррасӣ гардида аз тарафи сардори Раёсати Кумита дар вилоят полковник Додиён Баҳром Одина доир ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилбандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, идома додани корҳои таблиғотӣ ва вохӯриҳо бо аҳолии дар минтақаҳои хавфнок истиқоматкунанда ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш, таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ, инчунин иҷрои тадбирҳои дар соли 2025 ба нақша гирифташуда вазифагузорӣ карда шуд.