Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ то 5-уми моҳи январ хатари тармаву ярч ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.
3 январи соли 2025, соати 05:40 дақиқа дар километри 614-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, ки аз ҳудуди маинтақаи Ригувеси ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мегузарад, тарма роҳро муваққатан баст.
Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада техникаи хадамоти роҳи вазорати нақлиёт дар ноҳияи Шуғнон ҷалб карда шуд. Кори рафъи паёмадҳои офат идома дорад.
Бар асари лағзиши тарма талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Тибқи иттилои расида, то охири ҳафта дар навоҳии кӯҳистонӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, бахусус дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ боз ҳам хатари лағзиши тарма, сангу регу ярч боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқии гармкунанда қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намоянд.