Сабти ду заминларза дар Тоҷикистон

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 6-уми январи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ду заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ларзиши аввал соати 09:32 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он 261 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 56 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ, 61-километр шимолу ғарб аз ноҳияи Ишкошим дар ҳудуди Афғонистон буд.

Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 3 балл, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ишкошини ВМКБ 2 баллро ташкил дод. 

Заминларзаи дуюм соати 12:17 дақиқа сабт шуд. Маркази он 221 километр ҷануби шаҳри Душанбе, 68 километр ҷанубу шарқи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон боз ҳам дар қаламрави Афғонистон буд. 

Қувваи лазиши дуюми замин дар маркази он 3 бал ва дар ноҳияи Шаҳритус 2 баллро ташкил додааст. 

Бино ба маълумоти расида талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

барчасп: