Тибқи нақшаи баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо, ки аз тарафи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, санаи 03 январи соли 2025 дар толори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Кумита дар ВМКБ ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми соли 2024 баргузор гардид.
Ҷаласаро сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ полковник Миракзода Н., ҳусни оғоз бахшида тамоми иштирокодоронро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи ҷамъбасти танҳо як масъала, яъне фаъолияти кории шуъбаю бахшҳои Раёсати Кумита дар баррасӣ шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз тарафи сардори Раёсат Кумита дар ВМКБ оид ба камбудиҳои ҷойдошта ба ҳамаи садорони шуъбаю бахшҳои Раёсати Кумита дар ВМКБ ва ҳамзамон, шуъбаю бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дода, шуданд.