Боришоте, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи он ҳушдор дода буд, боиси фаромадани тарма гардид. Офат ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои кишвар ба мушкил рӯбарӯ сохт.
Дар километри 31-уми шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим, ки аз ҳудуди шаҳраки Барҷири ҷамоати деҳоти ба номи А.Замирови ноҳияи Ишкошими ВМКБ мегузарад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.
Дар ҳоли ҳозир як қитъаи ин ҷода аз ҷониби нерӯ ва воситаҳои хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт тоза карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, шимоли вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд, то ҳадди имкон аз ҳаракат дар қитъаҳои хатарноки роҳҳо, аз ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ худдорӣ намоянд.