Ахбори рӯз

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои ду рӯзи оянда дар кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 6-7 октябри соли 2023 дар водиҳои мамлакат бориши боронҳои шадид дар назар аст. Шаби 7 октябр дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борони шадид метавонад ба барф табдил шавад. 

Поксозии соҳили дарё аз ҳар гуна партобҳо дар Хоруғ

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, коллеҷи тиббӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No8-и шаҳри Хоруғ...

Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа дар Раёсати Душанбе

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти сарварии муовини Раиси Кумита генерал-майор С.Исозода ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи раёсат баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа роҳбарони шуъбаҳои раёсат ширкат намуданд. 

Маркази заминларзаи шаби гузашта қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ буд

Бино ба гузориши Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷиистон 4 октябри соли равон соати 03:31 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминҷунбӣ 7 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ буд.

Ҳамлаи гург ба як сокини ноҳияи Ишкошим. Тавсияҳои КҲФ дар ин маврид

Дар шарқи кишвар ҳодисаи ҳамлаи гург ба сокинон ба қайд гирифта шуд. 1 октябри соли 2023 тахминан соати 05:30 дақиқа ба як сокини 48-солаи деҳаи Яхшивули ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими ВМКБ гург ҳамла кард.

Ин ҳайвони ваҳшӣ дасти ӯро ҷароҳатдор кард. Чун садои имдоди ӯ ба гӯши ҳамсояҳо расид, филҳол ба ёрӣ шитофтанд

Страницы