КҲФ: Хатари лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ бартараф нашудааст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки зарфи чанд рӯзи оянда дар ноҳияҳои ВМКБ, қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тарма ва резиши сангу рег боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон даъват мекунад дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҷамъоварии ҳузуму гиёҳҳои шифобахш, чорвочаронӣ дар доманакӯҳҳо худдорӣ кунанд. 

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад табдирҳои бехатарӣ андешанд.

Кӯдаконро беназорат  нагузоранд. 

Замимаи мобилии КҲФ «SOS», ки барои ҳама телефонҳои мобилӣ дастрас аст, ба шумо дар ҳолатҳои гуногун ба чӣ гуна рафтор кардан кӯмак мекунад!

Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи сокинон ва бахусус ронадагон мерасонем, ки дар давраи зимистон чун дар солҳои пеш барои таъмини амнияти шаҳрвандон дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ду постгоҳи муштараки наҷотдиҳандагони Кумита ва кормандони ВД, ҳамчунин ширкати рохии IRS ташкил карда шудааст.

КҲФ хотиррасон мекунад: дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.

 

барчасп: