Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи 24 январи соли 2025 бо иштироки СармутахассисиШуъбаи таблиғот ва иттилоотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маҳмудзода Муталиб баҳри иҷрои тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва амалишавии супоришҳое, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардид вохурӣ доир кард.
Дар вохурӣ ҳайати шахсии Раёсат ва сардорони шуъбаву бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ширкат варзиданд.
Муталиб Маҳмудзода оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешрафту дастовардҳои иқтисодии кишвар суханронӣ намуда, қайд кард, ки Паём дастури муҳими стратегӣ ба шумор рафта, барои ҳар як шаҳрванд ва рушди ҷомеаи мо муҳим аст ва ҳамчун роҳнамо дар татбиқ ва таъмини масоили ҳаётии мо нақши калидӣ дорад.
Паём ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва илмӣ-таҳлилие мебошад, ки дар раванди давлатдории миллӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, стратегияи рушди устувори давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, татбиқи ҳадафҳои муҳимми миллӣ ва ҳифзи амнияту суботи сиёсии шаҳрвандонро муайян намуда, дастовардҳо, ҳолати рушди соҳаҳои ҷамъиятӣ ва имконияту тадбирҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот ва муаммоҳои ҷойдошта ба таври мушаххас ва асоснок аз ҷониби Президенти кишвар амиқ таҳлил гардида, ба вазорату кумитаҳо, умуман ба ҷомеа вазифагузориву роҳнамоӣ барои имрӯзу фардо ва дигар роҳҳои ҳалли масъалаҳо пешниҳод мегарданд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар пешниҳод гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар Тоҷикистон паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз соли 2001 то инҷониб ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон нақши асосӣ ва бағоят муҳим доранд. Паёмҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардидаанд, бозгӯи шукӯҳу шаҳомати истиқлоли миллии сиёсии Тоҷикистон ва тантанаи соҳибихтиёрии миллати тоҷик ва дастоварди азими давлатдории миллӣ ба шумор мераванд.
Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат
подполковник МаликзодаД.М.