Ахбори рӯз

Боз як хона барои зарардидагони офати табиӣ дар Кӯлоб ба истифода дода шуд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода ва Сарвари Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ дар маросими ба истифода додани хонаи нави истиқоматӣ барои зарардидагон аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ширкат карданд.

Ин хона дар доираи ҷашнвораи 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон...

Ярч дар Ваҳдат ба ду хоҷагӣ зарар расонд

14 сентябри соли 2021 тахминан соати 01:15 дар деҳаи Тундараи ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат ярч ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он  иншооти ёрирасони ду сокини  деҳа ва чойхонаи ҷамъиятӣ қисман хароб шудааст. Ҳаҷми ярч тахминан 1440 метри мураббаъ ҳисоб карда шудааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ сабаби рониши замин аз меъёр...

Ҳалокати 5 нафар дар ду садамаи маргбори мошин дар роҳҳои кишвар

Дар ду садмаи маргбор, ки яке дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ва дуюмӣ дар ноҳияи Рӯшон рух дод, 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ду маврид ҳам ронандагон аз уҳдаи идораи мошинҳои худ набаромаданд. Дар ду маврид ҳам ду мошин ба ҷарии умқашон то 200 метр фурӯ рафтанд. Ронандагон қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намекунанд. Агар риоя мекарданд, дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 10 мошин ба ҳам барнамехӯрданд

Ғолибони бозиҳои варзишӣ қадрдонӣ шуданд

14 сентябри соли равон ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти варзишӣ пирӯз омада буданд, бо ҷому дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамаи ин чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар роҳандозӣ шуда буданд.

Як сели азими шорида аз домани пирях дар ноҳияи Лахш маҷрои дарёи Сурхобро дигар кард

Дирӯз, 9 сентябр аз соати 06:00 дақиқа то соати 06:30 дақиқа, дар мавзеъи Арчакаппа, деҳаи Сугади ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш бар асари гарм шудани дамои ҳаво ва об шудани пиряхҳои атроф сатҳи оби рӯдхонаи Арчакаппа боло рафт ва ба сони як сели харобкор маҷрои дарёи Сурхобро дар минтақа муддати 30 дақиқа бастааст.

Тағйир ёфтани маҷрои дарё сабаби шуста шудани 50-60...

Страницы