Ахбори рӯз

Дар Шуғнон майдони варзишӣ ва маркази захиравӣ ба истифода дода шуд

28 – уми сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон майдони варзишӣ ва маркази захиравиро ифтитоҳ карданд. Дар ин маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода иштирок намуд.

Имдодгарон боз як дари бастаро боз карданд, ки дохили он тифли чорсола танҳо монда буд. Дар 6 моҳ 96 дари бастаро боз карданд ва 35 нафарро наҷот доданд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дари бастаеро бо даъвати соҳиби хона боз карданд, ки дохили он як кӯдаки хурдсол танҳо монда буд.

Ин ҳодиса дар кӯчаи Сино 64 рух додааст. Модари ҷавон ба коре берун рафтаву вақте баргаштааст, дари  худро...

Паси дари баста ҷасади пиразани 60-сола. Ҳодисае, ки имрӯз рух дод

Имрӯз, соати 12:02 дақиқа навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии  ноҳияи Сино – 2 ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  хабар дод, ки дари хонаи як сокини ноҳияи Сино-2, кучаи Зарафшон  М-11 бинои 5  ҳуҷраи 37   махкам шудааст. Соҳиби хона ба садоҳо посух намедиҳад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хокбод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки то 29-уми сентябри соли 2021 дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ хокбод дар назар аст.

Ҳамчунин КҲФ ёдовар мешавад, ки дар қисмати ғарбии...

Заминларзаи субҳи имрӯз. Талафоти ҷониву хисорот нест

Субҳи имрӯз, 27 – уми сентябри соли 2021, соати 10:40 дақиқа дар қаламрави Тоҷикистон замин ларзид. Маркази ин заминҷунбӣ 380 километр ҷанубу шаҳрқии шаҳри Душанбе ва 45 километр шарқи кӯли Сарез буд.

Қувваи ин заминларза дар маркази он 5 балл, дар кӯли Сарез ва ноҳияи Мурғоб 3 балл, дар Хоруғ 2 балл буд.
Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст. 

Страницы