Дарси омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар маркази бемориҳои чашми Хатлон

Дарси омӯзишии мудофиаи гражданӣ

15 ноябри соли 2022 дар Маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон дар доираи татбиқи Нақшаи асосии мудофиаи гражданӣ барои соли 2022 кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон санҷиши ҳолати ҳуҷҷатгузории мудофиаи гражданӣ ба кормандони масъули соҳаи мудофиаи граждании Маркази мазкур ёрии амалӣ ва методӣ расонидааст.

Мақсад аз баргузории дарсҳои намоишӣ ва ёрии амалию методӣ баланд бардоштани савияи дониши кормандони Маркази мудофиаи гражданӣ, рафтори дуруст дар ҳолати офати табиӣ ва расонидани кумак ва банақшагирии гузаронидани дарсҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданй аз тарафи шахсони масъул мебошад.

Омӯзиш тибқи нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва худуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ» гузаронида шуд. Ҳамчунин ҷараёни иҷро ва татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт баррасӣ гардид.

Аз ҷониби кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқуллода оид ба такмили ҳуҷҷатгузорӣ дар мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ба масъулин тавсияҳо дода шуданд. Дар чорабинӣ 42 нафар табибон ва кормандони техникии Маркази вилоятии бемориҳои чашм иштирок намуданд.

барчасп: