Бо мақсади татбиқи Нақшаи асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав таҳти раёсати раиси ноҳия ҷаласаи Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия иштирок доштанд.
Раиси ноҳия – Роҳбари комиссияи ҳолатҳои фавқулода оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 ва давраи зимистон-баҳори соли 2023, ҷустуҷӯи роҳҳои коҳиш додани хатари офатҳои табий, масъалаҳои тоза кардани каналҳо, ҷӯйборҳо барои пешгирӣ аз зарари сел ва обхезиҳо дар қаламрави ноҳия суханронӣ кард.
Таъкид гардид, ки дар ин давра муттаҳид намудани тамоми бахшҳои Системаи ягонаи ноҳиявӣ, назорати минтақаҳои хатарнок, ташкили навбатдории шабонарӯзӣ дар вақти боридани борону барфҳои пуршиддат муҳим аст.
Қарор шуд, ки ҳар рӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳисобот оид ба корҳои анҷомдодашуда шунида шавад.
Илова бар ин, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Аҷами ноҳияи Шаҳринав бо истифода аз техникаи махсуси муҳандисӣ ва ҷалби 200 нафар сокинони маҳаллӣ, каналҳо, ҷӯйҳо, селроҳаҳо ба хотири пешгирӣ азхатари эҳтимолии сел тоза карда шуданд.