Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

лағзиши тарма

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмнони кишвар мерасонад, ки бино ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 16-18-уми ноябри соли 2022 дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳо сафарҳои безарурати худро бо роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳро, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум, шикор ва ғайра худдорӣ намоянд. Дар ин рӯзҳо, ки ҳаво сард аст, риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор барои ҳамаи касоне, ки хонаҳои худро бо печҳои барқӣ гарм мекунанд, ҳатмист.

Барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳи зимистон ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони КҲФ посгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд. Илова бар ин, дигар роҳҳои кӯҳии кишвар аз ҷониби кормандони Кумита ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ назорат карда мешаванд. Ин тадбирҳо дар давраи хатари ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд омадаанд, заруранд.

барчасп: