Ахбори рӯз

Рафъи хатари чинори азиме, ки дар ҳоли садамавӣ қарор дошт

Рӯзи  26- майи соли 2022, соати 09:25 дақиқа Директори МД «Маркази Ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод‚ ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  хиёбони  Рўдаки №145 як дарахти чинор дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои селовари рӯзҳои 27-28-уми май

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 27 ва 28-уми май дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад.
Ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 17-22

Санҷиши маконҳои оббозӣ аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ дар остонаи фасли гарм як силсила корҳои санҷиширо дар махзанҳои об гузарониданд.

25 – уми май онҳо дар ҷараёни санҷиши маконҳои оббозӣ дар қаламрави пойтахт сатҳи омодагиҳои онҳоро барои қабули истироҳаткунандагон аз назар гузарониданд.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар Суғд

Бо фарорасии фасли гарми сол тараддуди кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ меафзояд. Ин фаслест, ки бештари мардумро ба соҳили обҳо мекашад. Мавсими оббозӣ шуруъ мешавад.

Ҳамасола дар ин мавсим рӯйдодҳои фоҷеавӣ низ зиёд иттифоқ меуфтанд. Аз ҷумла, ҷавонону наврасони зиёде аз надонистани қоидаҳои оббозӣ дар обҳо ғарқ мешаванд.

Тамринҳои муштарак дар Донишгоҳи миллӣ (ВИДЕО)

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши роҳбарият, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи:

Страницы