Ахбори рӯз

Наҷоти як марди 35-сола дар Хуҷанд. Боз кардани як дари баста дар Душанбе

11-уми июни соли 2021 соати 14:20 дақиқа як марди 35-сола, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳангоми шино дар миёни дарё ба ғарқ шудан оғозид.

Дастаи навбатдорони соҳили дарё аз ҷумлаи кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд...

Имдодгарон дар нукоти гуногуни кишвар 4 нафарро наҷот доданд. Се нафарро дар хонае, ки дараш баста буд ва якеро, ки ғарқ мешуд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави шаҳри Душанбе наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи щолатщои фавцулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ду маротиба бо даъвати шаҳрвандон ах коргоҳ берун шуданд ва ду дари бастаро боз намуда, мушкили сокинонро осон карданд.

Ташаббуси навбатии КҲФ бо шарикони байналмилалӣ

Бо мақсади тақвият бахшидани амалҳои муштарак дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин татбиқи минбаъдаи «Ёддошти тафоҳум байни Кумита ва Барномаи Ҷаҳонии СММ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омодагӣ, бартараф ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ” дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии КҲФ бо намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар ҷаласа баргузор гардид.

Роҳандозии дарсҳои омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи “Баҳористон”

Дар авҷи мавсими оббозӣ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба корҳои таблиғотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш идома медиҳанд. Корҳои таблиғӣ дар баробари санҷиши ҳолати тафреҳгоҳҳои соҳилӣ, мавҷудияти таҷҳизоти тиббӣ, чораҳои қатъии беҳдоштӣ  ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва гӯшаҳои деворӣ бо варақаву дастурҳои таблиғотӣ...

COVID-19: Болотарин сатҳи маргумири шабонарӯзӣ дар Ҳинд сабт шуд. Аммо сироят ва марг дар олам коҳиш ёфтааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки аз 31-уми май то 6-уми ииюни солим равон дар олам аз коронавирус 73 807 нафар ҷон бохтанд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 8% кам аст. Дар ин рӯзҳо дар саросари олам 3 миллиону 016 ҳазору 005 мубталои нав ба COVID-19 сабт шудааст ва дида мешавад, ки сураъти афзоиши гирифторони шабонарӯзӣ 15% коҳиш ёфтааст. Дар Африқо ин беморӣ то 25% рушд доштааст.

Страницы