Садама дар роҳи Душанбе – Ваҳдат. Ҳалокати мусофири 69-сола

5 декабри соли 2022 дар он қисмат роҳи Душанбе-Ваҳдат, ки аз қаламрави ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат мегузарад, мошини тамғаи  «Lexus RX350»  аз болои пули дарёи Элок ба зер рафт. Сабаби садама ронандаи 40-солаи мошин, сокини ноҳияи Нуробод аст, ки аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст.

Дар ин садамаи мудҳиш мусофири 69-солаи мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ёдовар мешавад, ки ба сабаби оғози сардиҳои ҳаво ва бориши барфу борон ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои кӯҳӣ ба мушкилот рӯбарӯ мешавад. Резиши санг дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, лағзиши тарма, яхбандӣ ҳар лаҳза эҳтимол дорад.

Риояи қоидаҳои бехатариву амният дар роҳҳо гаравӣ саломатии худи ронандагон аст.

Аз ронандагон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунем дар чуни н рӯзҳо бо боло бурдани суръат дар роҳҳо ҷони худ ва ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.

 

Расм аз "Parviz TV"

барчасп: